Ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар шароити шиддат гирифтани рақобатҳои геополитикӣ, таъсири буҳрони Украина ба иқтисоди Тоҷикистон, раванди даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи артиш, нигарониҳо аз болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ дар моҳи Рамазон ва вазъи феълӣ ва дурнамои рушди синамои миллӣ аз мавзӯъҳои меҳварии аксари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 6 апрел мақолае бо номи “Манфиати миллӣ ва исломи сиёсӣ” андешаҳои докторҳои илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзодаро дар атрофи ин мавзӯъ нашр кардааст. Аз ҷумла, муаллифон дар ин мақолаи таҳлилӣ таъкид мекунанд, ки таҷрибаи ҷомеасозии муосири кишварҳои мусулмоннишин нишон медиҳанд, ки дар сархатти чунин омилҳои мушкилзо баробари омилҳои дигар аз ҳама бештар таъсири манфии мафкураи исломи сиёсӣ ба талошҳои касби суботи сиёсии онҳо мушоҳида мешавад. Омили мазкур на танҳо бо талоши сиёсатварзии ба ифодаи манфиатҳои фаромиллӣ нигарондашуда, балки сирф ба арзишҳои мафкуравии динӣ такя намуданаш сабабгори заъф пайдо кардани рушди аксари кишварҳои мусулмоннишин шудааст.
Ба хулосаи муаллифон масире, ки имрӯз дар пешорӯйи ҷомеаи мо бар асари ҳодисаҳои хеле мураккаби олами муосир қарор дорад, моро муътақид месозад, ки чунин иқдомҳои гурӯҳҳои таассубпеша наметавонанд ва набояд ҷузъи барномаи рушди кишвари мо гарданд. Зеро ҷомеаи тоҷикистонӣ тӯли солҳои истиқлолият таҷрибаи кофии таҳия ва татбиқи барномаҳои воқеии рушди кишварамонро бо манфиатҳои миллии он андӯхтааст.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 5 апрел мақолае зери унвони “Нархҳои осмонӣ барои кӣ фоидаовар аст?!” чоп карда, навиштааст, ки агар теъдоди дорухонаҳоро дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳисоб кунем, шояд аз шумораи дукону ошхона, мағозаҳои хӯрокворӣ ва бозорҳои сабзавотфурӯшӣ бештар бошанд. Ҳамзамон муаллиф дар ин замина таъкид кардааст, ки аз ҳама ҳолати шигифтангез он аст, ки дар бештари дорухонаҳо нархномаи муайяни доруҳо вуҷуд надошта, фурӯшандаҳо нархҳои гуногуни дандоншиканро муайян мекунанд.
Дар фарҷом муаллиф савол гузоштааст, дар ҳоле ки соҳибони бештари дорухонаҳо нуқтаи фурӯши доруро «шахсӣ» муаррифӣ мекунанд, «нархҳои даҳонакии дандоншикан»-ро кӣ бояд назорат намояд? Оё ин амали соҳибони дорухонаҳои «бенарх» фиреби мардум дар рӯзи равшан нест?
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 6 апрел дар мақолае бо номи “Баҳона чист?” навиштааст, ки коҳиши арзиши доллар ба имони тоҷирон таъсир накард. Ба навиштаи муаллиф, бо вуҷуди поин рафтани қурби доллар, нархи молу маҳсулот дар бозорҳо ҳамчунон баланд боқӣ монда, майле барои пастравӣ надорад.
Нашрия ба унвони мисол навиштааст, ки дар 2 моҳи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 7.5 ҳазор тонна гушти мурғ истеҳсол шудааст, ки нисбати соли гузашта 47% зиёд аст. Аммо чаро айни замон нархи 1 кг гушти мурғи ватанӣ аз 35 то 45 сомонӣ арзиш дорад, дар ҳоле ки ба таъкиди муаллиф, Ҳукумати кишвар барои корхонаҳои мурғпарварӣ имтиёзҳои андозӣ додааст.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре навиштааст, ки дар соли 2021 дар вилояти Хатлон 99 корхонаи саноатӣ аз фаъолият бозмондааст. Нашрия аз қавли масъулини Раёсати Агентии омор дар вилояти Хатлон менависад, ки дар ин вилоят 641 корхонаи истеҳсолӣ ба қайд гирифта шуда, мутаассифона дар соли гузашта 99 корхона фаъолият накарда, 20 корхонаи дигари саноатӣ солҳо боз кор намекунанд. Гуфта мешавад, ки сабаби асосии аз фаъолият боз мондани ин корхонаҳои саноатӣ, муфлисшавӣ буда, дар натиҷа 574 нафар ҷойи кори худро аз даст додаанд.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 7 апрел дар сармақолаи худ ин саволро матраҳ кардааст, ки дар шароити ноустувории қимати асъор чӣ гуна метавон пасандозҳои худро ҳифз кард? Муаллиф дар ин замина бо такя ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон навиштааст, ки боқимондаи пасандозҳо дар бонкҳои кишвар дар охири соли 2021 аз 11.4 миллиард сомонӣ то 10.2 миллиард сомонӣ кам шудааст ва 53%-и он пасандозҳои ба шахсони воқеӣ ҳастанд.
Дар ин замина муаллиф аз қавли иқтисодшиносон навиштааст, ки айни замон яке аз василаҳои ҳифзи пасандозҳо, харидории тилло аз Бонки миллии Тоҷикистон аст. Дар ҳоли ҳозир як нафар имкон дорад танҳо бо пешниҳоди шиноснома аз Бонки миллӣ дар як сол то 1 кг тилло харидорӣ кунад ва дар сурати зарурат боз метавонад онро ба Бонки миллӣ фурӯшад.
Нашрияи “Asia-Plus” дар матлаби дигаре ин мавзӯъро матраҳ кардааст, оё маҳдудияти содироти орду гандум аз Қазоқистон ба нархи ин маҳсулот дар бозори Тоҷикистон таъсир хоҳад гузошт ё на? Муаллиф дар ин замина ёдовар шудааст, ки Тоҷикистон 90% гандуми мавриди ниёзи худро аз Қазоқистон ворид мекунад, ки соли 2021 ҳаҷми воридоти ин муҳсулоти ҳаётӣ, ҳудуди 1 млн тоннаро ташкил дод.
Аз сӯи дигар, Вазорати рушди иқтисоди кишвар бо итминон таъкид кардааст, ки Тоҷикистон захираҳои кофӣ барои таъмини мардум бо орду гандумро дар ихтиёр дорад. Гуфта мешавад, ки соли 2021 корхонаҳои саноати хурокворӣ дар Тоҷикистон 828 ҳазор тонна орд ва 415 ҳазор тонна нон ва маҳсулоти нонӣ истеҳсол кардаанд.
Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 7 апрел дар мақолае бо номи “Гӯр сӯзаду савдо ҷӯшад!” навиштааст, ки Рамазон барои тоҷирони мо моҳи макидани хуни харидорон аст. Муаллиф дар ин мақола зимни арзёбии нархи маҳсулоти ғизоӣ дар бозорҳои пойтахт ба хулосае расидааст, ки аксари тоҷирону савдогарон бо суиистифода аз расидани моҳи шарифи Рамазон нархи маҳсулотро боло бурдаанд. Инчунин муаллиф менависад, бо вуҷуди он ки шаҳрдорӣ ба хотири коҳиши нархҳо дар бозор ярмаркаҳо ташкил мекунад, аммо ин иқдом танҳо таъсири кутомуддат дорад. Ба хулосаи муаллиф, айни замон нархҳо дар бозор нисбат ба музди меҳнати аксарияти мардум, созгор нест.
Ҳафтаномаи “Самак” дар шумораи рӯзи 7 апрел мусоҳиба бо Сафар Ҳақдод, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистонро дар мавриди вазъи феълӣ, мушкилот ва дурнамои синамои миллӣ чоп кардааст. Сафар Ҳақдод зимни мусоҳиба бо таассуф таъкид кардааст, ки “Барномаи рушди кино барои солҳои 2015-2018” танҳо дар ҳадди 15-20 дарсад иҷро шуда, далели асосии он набудани саноати филмсозӣ дар Тоҷикистон аст.
Дар баробари ин мусоҳиб зикр кардааст, ки ба далели бемории ҳамагири “Ковид-19” ва мушкилоти иқтисодии ношӣ аз он як бахши маблағҳое, ки барои амалисозии “Барномаи рушди кино барои солҳои 2018-2022” пешбинӣ шуда буд, ихтисор шуд. Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон, барои баровардани харҷи таҳияи филм бояд дар тамоми гӯшаву канори кишвар толорҳои синамоии муосир вуҷуд дошта бошад, ки мутаассифона чунин шароит танҳо дар пойтахт мавҷуд аст.
Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ,
Радиои “Тоҷикистон”