Доварони Тоҷикистон барои ҳакамӣ намудани бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 даъват шудаанд.
Довари ФИФА аз шаҳри Норак Насрулло Кабиров дар бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 дар минтақаи ғарбӣ, ки аз 7-ум то 28-уми апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, ҳакамӣ мекунад.
Довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло ва ёвари довари ФИФА Хусрави Сиддиқзод барои доварии бозиҳои гурӯҳи «G»-и Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2022 дар минтақаи шарқӣ даъват шудаанд. Мусобиқаи мутамарказ аз 15-ум то 30-юми апрел дар Тайланд баргузор мешавад.
Сорбон Амонуллозода,
Радиои “Тоҷикистон”