Ҳунармандони тоҷик “Табиби паррон”-ро ба Смоленски Русия мебаранд

Ҳунармандони Театри мусиқӣ – мазҳакавии шаҳри Хуҷанд барои ширкат дар Ҷашнвораи VIII-и байналмилалии театрии «Киштии Смоленск» рӯзи 8 апрел ба Русия мераванд. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар дод.

Манбаъ мегӯяд, театри мусиқӣ – мазҳакавии шаҳри Хуҷанд бо намоишномаи “Табиби паррон” дар ин ҷашнвораи театрӣ ҳунарнамоӣ мекунад.

Гуфта мешавад, мазҳакаи «Табиби паррон» аз рӯйи пйесаи Жан-Батист Молйер бо коргардонии Сӯҳроб Шехов ба саҳна гузошта шудааст.

Ҷашнвораи «Киштии Смоленск» аз 2-юм то 10-ум апрел дар шаҳри Смоленски Федератсияи Русия баргузор гардида, дар он  беҳтарин театрҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок мекунанд. 

Ин ҷашнвораи театрӣ аз соли 2008  дар ҳар ду сол як маротиба баргузор мешавад.