Дишаб бозиҳои даври 1/4 финали Лигаи Чемпионҳои Аврупо оғоз гардид. «Бенфика» ва «Ливерпул» барои роҳ ёфтан ба марҳилаи баъди рақобат намуданд.
Дидори дастаҳо дар майдони «Эштадиу да Луж»-и Лиссабон баргузор гардид. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 17-ум Конате кушода, ҳамдастаҳояшро ба пеш баровард.
Баъд аз гузаштани 17-дақиқа Садио Мане голи дуюми «Ливерпул»-ро ба самар расонид.
Дар дақиқаи 49-уми рақобат Нунес ба як голи шогирдони Юрген Клопп ҷавоб гардонид ва ҳисоби бозиро 1:2 намуд.
Пеш аз ба охир расидани бозӣ, аниқтараш дар дақиқаи 87-ум Луис Диас голи сеюми дастаашро ба самар расонида, ба ҳисоби бозӣ нуқта гузошт.
Бозии ҷавобии дастаҳо рӯзи 14-апрел дар майдони «Энфилд» баргузор мегардад.
Сорбон Амонуллозода,
Радиои “Тоҷикистон”