Дар Душанбе аз 12 апрел хатсайри нави автобусии №15 ба фаъолият оғоз менамояд.
Тавре дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад, самти хатсайри нави автобуси №15 аз маҳаллаи 103-юм то шаҳраки 192-193-и маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансур муқаррар шудааст.
Ба иттилои манбаъ, хатсайри нав дар заминаи микроавтобуси №15 роҳандозӣ гардида, аз кӯчаву хиёбонҳои М. Шерализода, Б. Ғафуров, Шамсӣ, А. Сино, С. Шерозӣ, С. Айнӣ, Ғ. Валаматзода, М. Назаршоев, А. Дониш, Д. Халқҳо ва шаҳракҳои 192-193-и маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансур мегузарад.
Гуфта мешавад, пардохти маблағи роҳкиро дар автобусҳои ин хатсайр тариқи корти электронии нақлиётӣ амалӣ мешавад.