Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи барномаҳои мақомоти шаҳри Душанбе барои омодагӣ ва таҷлили Рӯзи пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба тасвиб расид, иттилоъ додааст шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
“Барномаҳои мазкур бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявию бадеӣ таҷлил намудани Рӯзи пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе роҳандозӣ мегарданд”, – иттилоъ додааст манбаъ.
Ёдрас мешавем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз 1 марти соли 2005 ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел дар кишвар Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад.
Ҳамасола дар Рӯзи пойтахт дар чор ноҳияи шаҳр, бахусус дар боғҳои фарҳангу фароғатии Душанбе базмҳои идона, нишасту ҷамъомадҳо ва дигар барномаҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ баргузор мегардиданд.
Ҳамчунин дар ин рӯз озмунҳои касбии соҳаи тандурустӣ ва маорифи шаҳри Душанбе — “Беморхонаи сол”, “Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол”, “Табиби сол”, “Табиби оилавии сол”, “Корманди миёнаи тибби сол”, “Мураббии сол”, “Омӯзгори сол”, “Хонандаи сол” ва дигар озмунҳои шаҳрӣ ҷамъбаст гардида, ғолибони он бо мукофотҳои муқаррарнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида мешаванд.