Ба Тоҷикистон ваксинаҳои нави зидди коронавирус ворид гардид

Рӯзи 3 апрел ба Тоҷикистон тақрибан 200 ҳазор вояи ваксинаи зидди коронаруси “Pfizer-BioNTech” оварда шуд. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷистон хабар дод.

Гуфта мешавад, ки дар чорчӯбаи татбиқи механизми КОВАКС ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 198 ҳазору 900 воя ваксинаи “Pfizer-BioNTech” ворид гардид.

“Вояҳои ваксинаи мазкур дар анбори махсуси вазорат нигаҳдорӣ шуда, тибқи талабот ба шаҳру навоҳии мамлакат интиқол дода мешаванд”, – омадааст дар хабарнома.

Ёдовар мешавем, ки дар кишвар маъракаи ваксиназании аҳолӣ аз сирояти коронавирус идома дорад.

Бояд гуфт, ки маъракаи ваксиназании оммавии аҳолӣ дар Тоҷикистон аз 23 марти соли 2021 оғоз гардид. Ваксиназанӣ ба шаҳрвандони мамлакат ройгон сурат гирифта, дар маҷмӯъ ваксингирии 5 млн 826 ҳазору 301 нафар аҳолии кишвар зарур аст.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ, то 27 марти соли равон 5 млн 162 ҳазору 424 нафар (92,2%) дар Тоҷикистон аз COVID-19 ваксина гирифтанд.