Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик донишгоҳу донишкадаҳои кишвар намояндагии худро дар кишвари Ӯзбекистон боз хоҳанд шуд.
Бино ба гузориши дафтари матбуотии Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Вазири таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Ӯзбекистон Абдуқодир Тошқулов вохӯрд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо маҷмӯи васеи масоили рушд ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илмро баррасӣ намуданд.
Гуфта мешавад, мусоҳибон ба масъалаҳои баробарарзишӣ (нострификатсия)-и дипломҳои донишгоҳҳо ва таъсиси бахши забони тоҷикӣ дар факултети забони ӯзбекии Донишгоҳи давлатии вилояти Бухоро дахл намуданд. Ҳамчунин зимни мулоқот таъсиси факултаву намояндагии донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистонро дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳамзамон намояндагиҳои муассисаҳои таҳсилоти олии ин кишвар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Масъалаи баробарарзиш кардани (нострификатсия)-и дипломҳои донишгоҳҳо аз мавзӯъҳои дигари мулоқот будааст.
Зикр мегардад, ки ҷонибҳо баргузор кардани Шӯрои ректорон ва вохӯрии донишҷӯёни ҳарду кишварро дар як вақт ба хотири омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар муфид арзёбӣ намуданд.