Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дирӯз, 3 апрел барои ширкат дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 ба Бишкек сафар кард. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон дар саҳифаи расмиаш хабар додааст.
Ба ҳайати дастаи футзали Тоҷикистон 14 бозигар – 2 дарвозабон ва 12 бозигари майдон шомиланд. Легионерҳо Парвиз Раҳматов (Кингершайм, Фаронса) ва Рустам Ҳамидов (Оқжетпес, Қазоқистон) аллакай дар Қирғизистон ба ҳайати тими миллии кишвар мепайванданд.
Гуфта мешавад, мунтахаби кишвар пеш аз оғози мусобиқоти интихобӣ бо тими миллии Қирғизистон бозии назоратӣ анҷом медиҳад
Қобили зикр аст, ки дар минтақаи омехтаи марказӣ ва ҷанубии мусобиқаи интихобии футзали Ҷоми Осиё-2022 мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» баромад мекунад, ки рақибони он тимҳои Афғонистон (10-апрел), Непал (11-апрел) ва Ӯзбекистон (12-апрел) ба ҳисоб меравад. Ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 ду даста аз гурӯҳ роҳ меёбанд.
Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022:
Дарвозабонҳо: Фирӯз Бозмамадов («Истиқлол»), Муродулло Алиқулов («Амонатбонк»);
Бозигарони майдон: Парвиз Раҳматов («Кинггершайм», Фаронса), Рустам Ҳамидов («Оқжетпес», Қазоқистон), Файзалӣ Сардоров, Муҳаммаҷон Шарифов, Некрӯз Алимаҳмадов, Бахтиёр Солиев, Идрис Ёров (ҳама – «Соро компания»), Иқбол Воситзода, Умед Қӯзиев, Шавкат Саломов, Дилшод Халимов (ҳамагӣ — «Сипар»), Самандар Ризомов («Истиқлол»).
Сорбон Амонуллозода,
Радиои “Тоҷикистон”