Сарвазири Покистон Имрон Хон баъд аз пароканда шудани парлумони ин кишвар аз мақоми нахуствазирӣ барканор шуд. Гуфта мешавад, ӯ то замони таъйини нахуствазири муваққат дар ин мақом корро идома хоҳад дод. Дар ин бора хабаргузории “Sputnik Тоҷикистон” хабар дод.
“Дар натиҷаи пароканда кардани Маҷлиси Миллӣ аз ҷониби президенти Покистон, тибқи моддаи 58 (1) дар якҷоягӣ бо моддаи 48 (1)-и Сарқонуни Ҷумҳурии Исломии Покистон, Имрон Аҳмад Хон Ниёзӣ фавран вазифаи сарвазири Покистонро қатъ намояд”, – омадааст дар хабари Девони Вазирони ин кишвар.
Раисҷумҳури Покистон Ориф Алавӣ гуфтааст, Имрон Хон то таъйин шудани сарвазири муваққат дар ин вазифа боқӣ мемонад.
“Имрон Аҳмад Хон Ниёзӣ то замони таъйини нахуствазири муваққат, тибқи моддаи 224 А(4)-и Қонуни асосии Ҷумҳурии Исломии Покистон нахуствазир боқӣ мемонад”, – навиштааст раисҷумҳури Покистон дар “Twitter”.
Рӯзи якшанбе раиси Ҷумҳурии Покистон бо пешниҳоди нахуствазир порлумони ин кишварро пароканда кард. Ин дар ҳолест, ки Қосим Сурӣ, муовини раиси порлумон раъйи нобоварӣ ба нахуствазирро рад кард ва онро хилофи моддаи 5-уми Конститутсияи ин кишвар хонд.
Тасмими лағви раъйи нобоварӣ аҳзоби мухолифро хашмгин кард, ки гуфтаанд, аз ин тасмим ба додгоҳ шикоят хоҳанд бурд.
Ба гуфтаи Фаррух Ҳабиб, вазири иттилоот ва радио, интихоботи нави порлумонӣ дар Покистон пас аз 90 рӯз баргузор мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки Имрон Хон 69 сол дошта, аз 2018 мақоми сарвазирии Покистонро ба зимма дошт.