Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” парвозҳои мунтазамро ба Деҳлӣ оғоз менамояд

Шурӯъ аз 9 апрел ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳои мунтазамро дар масири Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе оғоз менамояд.

Тавре дафтари матбуотии ин ширкат хабар медиҳад, парвозҳо аз Душанбе ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе сурат мегирад. Вақти парвоз аз Душанбе соати 21:30, аз Деҳлӣ 02:00 ба вақти маҳаллӣ муайян шудааст.

Гуфта мешавад, ки ба мусофироне ки пурра ваксинаҳоро гирифтаанд, барои сабтином дар парвозҳои ширкати “Сомон Эйр” аз Душанбе ба Деҳлӣ пешниҳоди шаҳодатномаи эмгузаронии пурра бо забони англисӣ басанда аст.

Мусофирони ваксиннашуда ё қисман ваксинашуда бояд шаҳодатномаи санҷиши тестӣ барои COVID-19-ро бо натиҷаи манфӣ, ки на дертар аз 72 соат пеш аз расидан ба фурудгоҳи Деҳлӣ дода шудааст, пешниҳод кунанд.

Илова бар ин мусофироне, ки ба Деҳлӣ мераванд, бояд мақоми худро дар портали Air Suvidha навсозӣ кунанд. https://www.newdelhiairport.in/airsuvidha/apho-registration Мусофироне, ки аз Ҳиндустон вориди Тоҷикистон мешаванд, низ бояд шаҳодатномаи гирифтор набудан ба коронавирус дар 72 соати ахирро пешниҳод намоянд, афзуд манбаъ. Ба кӯдакони то 3-сола шаҳодатнома лозим нест.