Оҷонсии зидди фасод О.М., муовини командири қисми ҳарбӣ-сардори қисми тиббии Шифохонаи ҳарбии Гвардияи миллии кишварро боздошт намудааст.
Тавре дафтари матбуотии ин ниҳод хабар медиҳад, номбурда дар пайи муроҷиати шаҳрванд “А” дастгир шуд.
Гуфта мешавад, ӯ ба боварии шаҳрванд “А” даромада барои ноқобил донистан ба хидмати ҳарбӣ ва бо ҳамин роҳу усул озод намудан аз хидмати харбӣ аз ӯ маблағи 25000 сомонӣ талаб намудааст.
“Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – тафтишотӣ баъди гирифтани маблағи 23000 сомонӣ аз шаҳрванд “А” дар утоқи ултрасадои бинои тиббии Шифохонаи ҳарбии Гвардияи миллӣ боздошт карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъи ёфта гирифта шуд”, – омадааст дар хабарнома.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати боздоштшуда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 32 қисми 3-319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардид.
Дар сурати тасдиқ шудани ин иттиҳом ба дастгиршуда ҷарима ба андозаи аз 233 то 583 ҳазор сомонӣ ё то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад.
Ёдрас мегардем, ин боздошти кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ бори аввал набуда, оҷонсӣ дар гузашта низ аз чунин ҳолатҳо зиёд хабар додаааст.