Ҷалби кӯдакон ба китобхонӣ ва ташкили фестивали ҷумҳуриявӣ

Аз 2 то 9 апрели соли равон дар саросари ҷумҳурӣ Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” таҳти унвони “Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст!” баргузор мегардад.

Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, фестивал зина ба зина аз деҳот то пойтахт тӯли як ҳафта баргузор мегардад.

Маросими ифтитоҳи Фестивал санаи 2 апрели соли равон дар толори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар сурат мегирад.

Дар ҷамъбасти фестивал 9 апрел баргузории намоиши идона дар назар аст.

Дар доираи фестивал намоиши китобҳои тозанашр, намоишҳои театрӣ ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ пешбинӣ шудааст.