Барои 40 ҳазор мурғ. Дар Ҳисор фабрикаи парандапарварӣ бунёд мегардад

Дар шаҳри Ҳисор фабрикаи парандапарварӣ барои парвариши 40 000 сар мурғ сохта мешавад. Дар ин бора хабаргузории “Ховар” хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, корҳои сохтмонии фабрикаи мазкур феълан дар деҳаи «Ситора»-и Ҷамоати деҳоти «Навобод»-и шаҳри Ҳисор ҷараён доранд.

Ҳукумати шаҳри Ҳисор тавзеҳ додааст, ки тибқи лоиҳа бинои фабрика аз ду ошёна иборат буда, он дар майдони 4 гектар бунёд карда мешавад.

Гуфта мешавад, ки ҳангоми ба фаъолият пардохтани корхонаи мазкур 60 нафар шаҳрванд бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Ба шарҳи манбаъ, корҳои асосии фабрика аллакай иҷро шуда, дар дохили бино сохтани лонаҳо барои тухмгузории мурғҳо ба роҳ монда шудаанд.

Ёдрас мешавем, ки соли гузашта дар шаҳри Ҳисор беш аз 700 иншооти ҷашнии таъйиноти гуногун ифтитоҳ шуда буд.