Имрӯз дар шаҳри Душанбе Шӯрои IV раҳбарони киностудияҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Гурҷистон баргузор мегардад. Дар ин бора аз “Тоҷикфилм” хабар доданд.
Гуфта мешавад, дар кори он масъалаҳои ҳамкорӣ, табодули таҷриба дар филмсозии муосир мавриди баррасӣ қарор гирифта, фаъолият ва нерӯи эҷодию техникии киностудияҳо муаррифӣ ва барои офаридани филмҳои муштарак дар оянда ҳамкорӣ тавсеа дода мешавад.
Бояд гуфт, ки нахустин Шӯрои раҳбарони киностудияҳои кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон 24 сентябри соли 2019 дар заминаи Студияи миллии «Беларусфилм» баргузор шуда буд. Ҳадафи асосии Шӯро муттаҳид кардани талошҳо, инчунин таҳия ва ҷорӣ намудани механизмҳои нави густариши ҳамкорӣ мебошад.