Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар дар умури парлумонӣ Осим Ҳанафӣ Ас-Сайфӣ мулоқот намуд. Дар ин аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд.
Зикр мегардад, ки дар мулоқот масоили вобаста ба густариши робитаҳои байнипарлумонӣ, фаъол намудани гурӯҳи дуҷонибаи дӯстии парлумонӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо таъкид доштанд, ки имкону зарфиятҳои мавҷудаи парлумонҳо барои таҳким ва тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бояд истифода шавад.