Ҳайати Тоҷикистон дар сеюмин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон (Чин, Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Русия), ки 31 март дар Чин баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард. Дар ин бора хабаргузории “Ховар” дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳайати Тоҷикистонро вазири адлияи кишвар Музаффар Ашӯриён роҳбарӣ мекунад.
Гуфта мешавад, дар нишаст масъалаҳои ҳамоҳангсозии талошҳои минтақавӣ дар самти башардӯстона ва иҷтимоию иқтисодӣ, кумак ба Афғонистон, инчунин ҳамоҳангсозии равишҳо дар муқобила бо таҳдидҳои паҳншавии терроризм ва қочоқи маводи мухаддир, ки аз Афғонистон бар меоянд, баррасӣ хоҳанд шуд.