Ҷавони тоҷик беҳтарин донишҷӯи ИДМ дониста шуд

Донишҷӯи Академияи идоракунии давлатӣ Низомиддин Сафаров дипломи дараҷаи I ва медали сарисинагии «Беҳтарин донишҷӯи ИДМ»-ро ба даст овард. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, Низомидддин Сафаров дар лоиҳаи «IV нашриёти байналмилалии китоби «Беҳтарин донишҷӯ», ки миёни  муассисаҳои илмӣ-таълимии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ифтихор 30-солагии Иттиҳод амалӣ шуд, иштирок намуда, бо дипломи дараҷаи I ва медали сарисинагии «Беҳтарин донишҷӯи ИДМ» сарфароз гардид.

Озмуни мазкур аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи байналмилалии олимони ҷавон» ва Иттиҳоди шахсони ҳуқуқӣ дар шакли Ассотсиатсияи «Ҳаракати умумимиллии Бобек» миёни омӯзгорон ва олимони ҷавони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сурат гирифт.

Ёдовар мешавем, ки аввали соли равон омӯзгори Академияи идоракунии давлатӣ Мавҷуда Имомназарова низ дар Озмуни байналмилалии «Беҳтарин педагог-2021» бо дипломи дараҷаи III ва медали сарисинагии «Беҳтарин педагог-2021» сарфароз гардида буд.