Шӯрӯъ аз 30-юми март дар доираи Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар кинотеатрҳои кишвар филмҳои истеҳсоли ин ҳамсоякишвар намоиш дода мешавад. Дар ин бора аз “Тоҷикфилм” хабар доданд.
Ҳадаф аз баргузории ин иқдом таҳкими ҳамкориҳо бо синамогарони ӯзбек ва роҳандозии татбиқи лоиҳаҳои муштарак гуфта мешавад.
Зикр мегардад, ки муддати се рӯз филмҳои гуногунжанри истеҳсоли Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намоиш дода шуда, алоқамандони синамои ӯзбекӣ метавонанд аз ин филмҳо дидан намоянд.
Рӯзҳои намоиши филмҳоро дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аз суроғаи зерин дарёфт намуда метавонед: https://bit.ly/3IMMaur.