Канада дар 36 соли охир бори аввал роҳхати Чемпионати ҷаҳонро ба даст овард

Тими мунтахаби миллии Канада зери роҳбарии сармураббӣ Ҷон Ҳердман роҳхати Чемпионати ҷаҳонро ба даст овард.

Дар бозии асосие, ки футболбозони Канада ин дастовардро соҳиб шуданд, мунтахаби Ямайкаро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст доданд. Рақобат миёни ин тимҳо дар бозии даври интихобӣ дар минтақаи КОНКАКАФ баргузор гардид.

Ҳамин тариқ, тими мунтахаби Канада бо касби 28 имтиёз дар 13 бозӣ дар садри гурӯҳ қарор гирифта, роҳхати Чемпионати ҷаҳонии футбол-2022-ро соҳиб шуд.

Канада бори дуюм дар таърих ва бори аввал аз соли 1986 дар Чемпионати ҷаҳон бозӣ мекунанд.

Сорбон Амонуллозода,

Радиои “Тоҷикистон”