Имсол моҳи Рамазон дар Тоҷикистон рӯзи 2 апрел шурӯъ мешавад. Дар ин бора аз Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, мувофиқи далелҳои илмӣ моҳи Рамазон дар кишвар 2 апрел фаро мерасад.
Ҳамчунин фитри рӯза ба ҳисоби гандум 7 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз 80 сомонӣ (барои шахсони нисбатан доро) муайян гардидааст. Мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 35 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст, ки аз он 875 сомонӣ закот пардохт карда мешавад. Фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ ба миқдори 420 сомонӣ барои 30 рӯз муайян шудааст.
Мавриди зикр аст, ки ҳамасола моҳи шарифи Рамазон 10 рӯз пештар аз соли гузашта фаро мерасад. Соли гузашта он даҳаи дуюми моҳи апрел оғоз гардида буд.
Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд. Моҳи Рамазон бо Иди Рамазон ба анҷом мерасад, ки иди бузургу муҳими мусалмонон ба шумор меравад.