28 нафар толибилми Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд барои иштирок дар даври ниҳоии олимпиадаи “ISTEM”-и Олмон роҳхат гирифтанд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Гуфта мешавад, олимпиадаи мазкур рӯзҳои 19-24 июл дар шаҳри Франкфурти Олмон ба таври онлайнӣ баргузор мегардад.
Хонандагони тоҷик аз фанни математика бо забони англисӣ дар ин олимпиада ширкат варзида, бо беш аз 8000 нафар хонанда аз 96 кишвари дунё рақобат хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки хонандагони ин муассиса қабл аз ин дар олимпиадаи ҷаҳонии “Дониш”-и Туркия тариқи ҳузурӣ донишозмоӣ намуда, бо ба даст овардани 100 хол аз 100 холи имконпазир рекорд гузоштанд.
Ҳамчунин шаш нафар хонандаи литсей моҳи январи соли равон дар олимпиадаи “Коперникус”-и кишвари Амрико ҳузурӣ иштирок намуда, барандаи ҷоми даставӣ аз фанни физика ва 6 медали нуқраву биринҷӣ гардида буданд.