Рустами Эмомалӣ дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон бо раиси Сенати Парлумони Қазоқистон Маулен Ашимбаев дар ҳузуру иштироки ҳайатҳои Маҷлиси миллӣ ва Сенати Парламент мулоқот намуд.
Бино ба гузориши дафтари матбуотии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба, тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷонибҳо дар остонаи таҷлили 30-солагии Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мавриди аҳамияти фаъолияти созмони мазкур мубодилаи афкор намуда, нақши онро дар таҳкими ҳамкорӣ миёни парлумонҳои давлатҳои Итттиҳод муҳим арзёбӣ карданд.
Рустами Эмомалӣ бо қаноатмандӣ зикр кард, ки ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қазоқистон фаъол гардида, бо ба имзо расидани Созишномаи ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.
Гуфта мешавад, дар раванди музокирот ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитариро мавриди баррасӣ қарор доданд.