Баргузории ҳамоиши “Нақши маориф дар дар мубориза бар зидди экстремизми сиёсӣ ва терроризм” дар ДМТ

Имрӯз дар факултети фалсафаи ДМТ Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзӯи “Нақши маориф дар дар мубориза бар зидди экстремизми сиёсӣ ва терроризм” баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раёсати донишгоҳи мазкур ва устодону донишҷӯёни факултети фалсафа ширкат варзида, дар доираи мавзӯи конференсия маърӯза намуданд.

       Дар конференсия маориф ва илм сарчашмаи муҳими муқовимат бо терроризм ва экстремизм дониста шуда, гуфта шуд, ки омили асосии рӯ овардани ҷавонону наврасон ба гуруҳҳои террористиву экстремистӣ ин бекормонии ҷавононону наврасон ва надоштани шуғли доимӣ мебошад. Профессори кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистони факултети фалсафаи ДМТ Абдусалом Муҳаббатов зимни ироаи маърӯза дар конфронс зикр кард, ки ҳамамсола 50 ҳазор хонандагон мактаби миёнаро тарк мекунанд ва ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, ки ин шумораи кам нест. Ин -нафарон дар давлати бегона дур аз тарбияи волидон мемонанд ва эҳтимолияти зиёд дорад, ки онҳо зери таъсири гуруҳҳои мухталиф монанд.

      Устоди ДМТ, равоншинос Маҳмадулло Давлатов дар мавзӯи “Психологияи шахсияти терорист ва экстремист” суханронӣ карда, иброз дошт, ки ҳадафи аслии терроризм ва экстремизм ин ба вуҷуд овардани фазои тарс ва ваҳмдар миёни аҳолӣ мебошад. Шахси террорист дину миллату забон надорад ва онҳо мафкураи шахшуда дошта дар сурати дин ваҳшонияту даҳшатафканиро аз худ намудаанд.

      Ҳамзамон дар идомаи конфронс ноиби Президенти АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон суханронӣ карда,гуфт, ки барои пешгирӣ намудани гаравидани ҷавонону наврасон ба гуруҳҳои террористӣ бояд бо оила пайваста дар робита бошем. Номбурда баён намуд, ки мо пайваста мегӯем, ки бояд дар мактабу маориф бояд таълиму тарбия хуб ба роҳ монда шавад. Аммо ин маънои онро надорад, ки шахси босавод наметавонад ба гуруҳҳои тундгаро ворид шавад. Шахси босавод дар дохили ин гуна гуруҳҳо хеле хатарнок хоҳад буд. Дар баробари таълиму тарбияи дурусти насли наврас ва ҷавон инчунин лозим аст, ки онҳоро аз ҷиҳати моддӣ пурра таъмин карда шаванд, зеро таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки омили асосии гаравиши одамон ба гуруҳҳои терористиву экстремистӣ ин нодорӣ мебошад. – мегӯяд, ноиби президенти АМИТ Муҳаммад Абдураҳмон.

       Ҳамчунин дар конференсия гуфта шуд, ки бузургтарин таҳдид ба насли имрӯз ин истифодаи нозарури телефони мобилӣ ва шабакаҳои интернетӣ мебошад. Имрӯз бараъло маълум аст, ки ташкилотҳои террористиву экстремистӣ имрӯз дар сомонаҳои интернетӣ ба тарғибу ташвиқ ва мағзшӯии ҷавонону наврасон машғул ҳастанд. Таъкид карда шуд, ки танҳо бо хуб ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, пайваста дар робита будан бо оила метавон пеши роҳи шомилшавӣ ба гуруҳҳои тундгароро гирифт.

Парвина Самандарзода

Радиои “Тоҷикистон”