Сафарбарии муштзанҳои тоҷик ба Уммон: 5 бону миёни онҳост

27 варзишгари тоҷик дар мусобиқаи муштзании Қаҳрамонии Осиё миёни наврасону ҷавонон иштирок мекунанд, ки 5 нафари онҳо бонувон мебошанд. Дар ин бора Федератсияи бокси Тоҷикистон иттилоъ дод.

Ин мусобиқа рӯзҳои 27 феврал-15 март дар шаҳри Уммон баргузор мегардад.

Гуфта мешавад, варзишгарони соли таваллуди 2004-2005 миёни ҷавонон ва варзишгарони соли таваллуди 2006-2007 миёни наврасон ҳуқуқи ширкат дар мусобиқаро доранд. Дар маҷмӯъ, дар миёни ҷавонон 51 қаҳрамон миёни бонувону мардон ва миёни наврасон низ 51 қаҳрамон миёни духтарон ва писарон муайян карда мешаванд.

Манбаъ меафзояд, рӯзи аввали муҳорибаҳо 2-юми март буда, муҳорибаҳои ниҳоӣ 13 ва 14 март дар назар гирифта шудааст.