GRAND SLAM DÜSSELDORF 2022 баргузор намешавад

Сомонаи judoinside.com хабар медиҳад, ки Федератсияи ҷудои Олмон ба Федератсияи байналмилалии ҷудо хабар дод, ки мусобиқаи GRAND SLAM DÜSSELDORF 2022, ки баргузоршавиаш аввали моҳи июни соли ҷорӣ ба нақша гирифта шуд буд, баргузор намегардад.

Фрэнк Дойч дар мактуби ирсол намудаашон ба Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) навиштааст :”Мо зиёд пушаймон аз онем, ки сабқатҳои Grand Slam-ро дар Дюселдорф мизбонӣ карда наметавонем” ва сабаби асосӣ ин мушкилоти молиявӣ аст.

Дар баробари ин баргузоршавии машқҳои дастаҷамъии тамринӣ ҳам лағв карда шудаанд. Бо вуҷуди ин, Федератсияи ҷудои Олмон (DJB) дастгирии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF)-ро дар оянда низ баён намуда, дар гуфтушунидҳо баҳри баргузории сабқатҳои GRAND SLAM дар солҳои баъдӣ омода хоҳад буд.

Қайд кардан зарур аст, ки тибқи тақвими Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) баргузории сабқатҳои GRAND SLAM DÜSSELDORF 2022 аз санаи 4-ум то 6-уми июни соли равон ба нақша гирифта шуда буд.