Сардори шуъбаи кадрҳои Корхонаи воҳиди давлатии “Нақлиёти махсуси партовҳои сахти маишӣ”-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Саодат Ҳомидова ба ришваситонӣ муттаҳам дониста мешавад.
Бинобар гузориши Агении зиддифасоди кишвар, Ҳомидова дар давраи иҷрои масъулият дар ин вазифа барои бо роҳи сохтакории хидматӣ тартиб додани дафтарчаи меҳнатӣ доир ба собиқаи хидматӣ аз як шаҳрванд 4 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.
Гуфта мешавад, аз маблағи талабнамудааш 1 ҳазор сомониашро гирифта, боз оварда додани боқимонда маблағи 3 ҳазор дигарро талаб намудааст.
“Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Ҳомидова баъди гирифтани 3 ҳазор дар ҷойи ҳодиса боздошт гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд”, – омадааст дар хабари Агентӣ.
Зикр мегардад, ки вобаста ба ин ҳолат нисбат ба Саодат Ҳомидова бо моддаи 319 қ.2-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад. Дар ин модда аз 3650 то 9125 нишондиҳанда барои ҳисоб ҷарима ё 5 соли зиндон бо маҳрум шудан аз ҳаққи ишғоли вазифаҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то 3 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.