Шиносоии масъулини Вазорати тандурустӣ бо вазъи саломатии захмиёни сӯхтори Қубодиён

Масъулини мақомоти тандурустии кишвар бо вазъи саломатии захмиёни сӯхтори нуқтаи сӯзишворӣ дар ноҳияи Қубодиён, ки дирӯз 22 феврал ба вуқӯъ пайваст, шинос шуданд. Дар ин бора дафтари матбуотии вазорати тандурустӣ хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода ва сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Шайдулло Шарифзода ба Маҷмааи тандурустии “Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон” ва Беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён рафта, бо вазъи саломатии захмиёни сӯхтор ошно гардиданд.

Ғафур Муҳсинзода зимни шиносоӣ бо раванди табобати захмиён бо наздикону пайвандони онҳо суҳбат намуда, ба онҳо итминон додааст, ки мақомот барои зудтар шифо ёфтани захмиён талош хоҳанд намуд.

Ёдовар мешавем, ки дар пайи сӯхтор дар нуқтаи сӯзишворӣ дар ноҳияи Қубодиён 14 нафар захмӣ гардида, дар Беморхонаи марказӣ ва Маҷмааи тандурустии “Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон” бистарӣ гардиданд.

Гуфта мешавад, то кунун 6 нафари онҳо ба хона рухсат дода шуда, 8 нафари дигар зери назорати табибот қарор доранд.