ТИМИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН (U-20) ДАР ТУРКИЯ ТАМРИНРО ОҒОЗ НАМУДАНД

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев, 10-уми феврал барои як тамрини дуҳафтаина вориди Туркия шуд.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Манавгат, дар тамрингоҳи Туркия нахустин тамринро анҷом дод. Дар ҳайати дастаи мунтахаби мо 24-бозигар шомиланд. Нимҳимоятгари «Краснодар» Алиҷони Айнӣ бо дастааш тамрин мекунад ва дар ҳайати «Тим ҷавонон»-и Тоҷикистон танҳо дар бозиҳои санҷишӣ бозӣ мекунад.

Дар ҷамъомади тамринии мунтахаби Туркия, ки то 23-феврал идома мекунад, мунтахаби ҷавонони мо 4-бозии назоратӣ мегузаронад. Аввалин рақобат барои тими Аҳлиддин Турдиев рӯзи якшанбеи 13-феврал бо тими ҷавонони «Ворскла»-и Украина (U-20) дар назар аст.

Сорбон Амонуллозода