Академияи миллии илмҳо тақрибан дар 1 рӯз як китоб нашр мекунад.
Ин нуткаро Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матуботии ин ниҳод баён намуда, дар ишора ба намоиши китобҳои тозанашри ҷойи нишаст гуфт, “дар як сол тақрибан 300 номгӯй китоб чоп кардем”.
Фарҳод Раҳимӣ сермаҳсулии кормандони академияро таблиғи илму дониш маънидод намуда гуфт, мушоҳида мешавад, ки сатҳи мутолиа боло меравад.
“Дирӯз дар рӯнамоии силсилаи китобҳои “Ахтарони адаб” иштирок доштам. Дар фурӯши китоб дар назди Театри опера ва балет чунон навбат буд, ки ҳатто бетартибӣ шуд. Гуфтам, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро даъват кунед ба тартиб дароранд. Каси дигар гуфт зарурат нест. Бигзор мардум бинаду донад, ки тоҷик китобхон асту дар навбати китоб ҷанг мешавад”, – иброз дошт Раҳимӣ.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар соли гузашта 3150 мақолаи илмию оммавӣ ба табъ расидааст, ки аз онҳо 2500 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, 230 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва қариб 100 мақолаи илмии дигар дар маҷаллаҳои хориҷи дур ба нашр расидаанд.