Соҳаи боғу токпарварӣ дар таъмини аҳолӣ бо ғизои зарурӣ нақши бориз дорад. Гузашти айём собит кардааст, ки иқлими Тоҷикистон барои парвариши дарахти мевадиҳанда мусоид буда, сарзамини биҳиштии мо манбаи меваҷоти хуштаъм, ашёи хом барои саноати кишвар ва содирот мебошад. Чӣ бояд то аз ҳосили хуби боғот баҳравар гардем? Коршинос доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров мегўяд, ки барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ, аз ҷумла меваҷоти лазизу ба содирот мувофиқ бояд мо шохабуриро дуруст ба роҳ монем. Ба андешаи ин коршинос шохабурӣ муҳлати худро дошта, вобаста ба навъу хусусиятҳои биологӣ дарахтон шаклдарории муайянро дорад.
Буридану шаклдарории дурусти дарахтон моҳияти хоси худро дорад. Тавассути шохабурӣ реша ғизоро ба пуррагӣ ба ҳама қисмҳои дарахт таъмин месозад. Яъне нурие, ки боғбон ба дарахт додааст, самаранок истифода мешавад.
Нигоҳубини доимӣ, буридану шаклдарории дурусти дарахтҳои боғи сермаҳсул, таъмини агротехникаи мунтазам ва мубориза бар зидди касалию зараррасонҳо омилҳои муҳими ба даст овардани ҳосили босифату фаровон мебошад-мегўяд ҳамсуҳбати дигари мо Рустам Бобиев ниҳолпарвар аз шаҳри Ҳисор.
Бино ба назари Ҷалолиддин Фозилов корманди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дарахтон ба тарзҳои гуногун ба шакл дароварда мешавад. Ин ҳамкаломи мо иброз медорад, ки буридани шоху навдаҳо меваро хушсифат мегардонад. Хуб мешавад, ки боғпарварон то сини 6-7 солагӣ дарахтонро ба шакл дароранду баъдан шохабуриро ба роҳ монанд.
Воқеан ҳам, яке аз шартҳои асосӣ дар соҳаи боғдорӣ дар баробари интихоби дурусти замину интихоби ниҳоли босифат ба шаклдарорӣ ва шохабурӣ ба ҳисоб меравад. Агар марди боғбон корҳои агротехникиро саривақт иҷро кунад, ҳатман барои ҳосили фаровону хушсифати боғот замина мегузорад. Гузашта аз ин парвариши дарахтони мевадиҳанда ва фурўши маҳсулоти онҳо имкон медиҳад, то дар кишвар ҷойзҳои нави корӣ пайдо гардаду буҷаи барзгар ғанӣ ва сатҳи зисташ боло равад
Муродулло Раҳимов
радиои «Тоҷикистон»