Сафари кории Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои Тоҷикистон, раванди иҷрои Барномаи ислоҳоти милитсия дар ҶТ, такмили заминаи ҳуқуқӣ барои нафақаи муҳоҷирони корӣ дар Русия аз ҷумлаи мавзӯъҳои меҳварии аксари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи 10 феврал гузориши муфассал аз сафари кории Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва ифтитоҳи чандин иншооти иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ зимни ин сафар чоп кардааст.
Инчунин дар шумораи рӯзи 7 феврал нашрия сафари кории Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, иштироки Сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ, вохӯрии Пешвои миллат бо сарварони якчанд давлатҳо, мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Сӣ Ҷинпин, Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро ба нашр расонидааст.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 10 феврал дар мақолае масъалаи таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо дар Тоҷикистонро матраҳ кардааст.
Муаллифи матлаб аз қавли профессор Абдулҳамид Қаюмов, директори «Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ» навиштааст, ки пиряхҳои болооби дарёҳои Ғунд ва Зарафшон нисбат ба пиряхҳои Помири Шарқӣ бештар коҳиш ёфта, пиряхҳои Помири Шарқӣ, ки нисбатан дар баландӣ ҷойгиранду ҳаҷман калон ҳастанд, кам коҳиш меёбанд. Яъне, онҳо ба тағйирёбии иқлим устуворанд. Аммо пиряхҳое, ки пойинтар ҷойгиранду масоҳаташон аз 1 километр хурдтаранд, таъсири тағйирёбии иқлим дар онҳо бештар мушоҳида мегардад.
Ба гуфтаи Абдулҳамид Қаюмов, тадқиқоти анҷомшуда нишон медиҳад, ки баъзе пиряхҳо қисм-қисм ҷудо шуда, пиряхҳои алоҳидаро ташкил кардаанд. Аз ҷумла дарозии пиряхи Федченко дар давраи «яхбандии Лахш» 170 километр буд, аммо баъдан он ба 100 пиряхи алоҳида тақсим шуда, ҳоло дарозии қисми асосиаш 76 километр мебошад.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 10 феврал хабар медиҳад, ки 8 феврали соли 2022 раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Фармондеҳи Пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Евгений Ковилин дидору мулоқот анҷом додааст. Ба навиштаи ин манбаъ, ҷонибҳо бештар ба мавзӯъҳои такмили робитаҳо дар доираи муносибатҳои шарикии стратегии миёни Тоҷикистон ва Русия дахл карданд. Таъкид гардид, ки тайи 30 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни ҳар ду кишвар ҳамкориҳо сатҳу уфуқҳои навро касб карданд. Қисми бештари мулоқот ба масъалаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо субъектҳои Федератсияи Русия дар соҳаҳои гуногун бахшида шуд.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 9 феврал мусоҳибаи муфассал бо Сироҷиддин Икромӣ раиси бонки давлатии “Амонатбонк”-ро чоп карда, дар он вазъи феълӣ ва дурнамои фаъолияти бонки мазкур матраҳ шудааст. Дар робита ба мушкилоти дарёфти пули нақд аз банкоматҳои “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ таъкид кардааст, ки шумораи банкоматҳои ин бонк ба 354 адад расида, барои қонеъ кардани талаботи муштариён кифоя аст.
Ба гуфтаи вай, мушкилоти пули нақд танҳо дар 5-6 рӯзи аввали моҳ иттифоқ афтода, 25 рӯзи боқӣ дар назди банкоматҳо касе нест. Раиси “Амонатбонк” барои ҳалли ин мушкилӣ афзоиши пардохтҳои ғайринақдӣ ва ё ҳадди ақал қисм-қисм дарёфти пули нақдро аз банкоматҳо зарур медонад. Дар баробари ин Сироҷиддин Икромӣ, раиси “Амонатбонк” дар ин мусоҳиба таъкид кардааст, ки ба арзу шикоят ва ё пурсишҳои муштариёни бонк шахсан дар паёмрасони “Телеграмм” посух мегӯяд.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре хабар додааст, ки аз ин ба баъд муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия метавонанд нафақа бигиранд. Аммо шарти асосӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ ин аст, ки дар Русия фаъолияти расмии корӣ дошта, бо корфармо тибқи қарордоди меҳнатӣ ҳамкорӣ кунанд. Яъне дар ин сурат корфармо ба Хазинаи нафақаи Русия маблағи суғурта месупорад. Дар баробари ин гуфта мешавад, ки агар шаҳрванд ҳам дар Русия ва ҳам дар Тоҷикистон фаъолияти расмии меҳнатӣ дошта бошад, матавонад ҳамзамон дар ҳар ду кишвар нафақа дарёфт кунад.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 10 феврал дар сармақолаи худ раванди иҷрои “Стратегияи ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон”-ро, ки марҳилаи аввали он соли 2020 ба анҷом расид, баррасӣ кардааст. Ба навиштаи муаллиф, аз соли 2013 то 2019 барои амалисозии Барномаи ислоҳоти милитсия аз ҷониби Ҳукумати ҶТ 1 млрд 150 млн сомонӣ ва аз тарафи шарикони рушд 329 млн сомонӣ ҷудо шуд.
Инчунин айни замон 20 лоиҳаи дигар ба маблағи 600 млн сомонӣ дар заминаи барномаи ислоҳоти милитсия таҳия шуда, барои кишвраҳо ва созмонҳои кумакрасон ҷиҳати маблағгузорӣ пешниҳод шудааст. Ҳамзамон таъкид мешавад, дар ин муддат баъзе талаботи Барномаи ислоҳоти милитсия иҷро нашуд ва бо назардошти дастовардҳо ва таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ ин барномаи нав дар ин замина барои солҳои 2021-2025 таҳия шудааст.
Нашрияи “Asia-Plus” дар матлаби дигаре навиштааст, ки Агентии обёрӣ ва беҳдошти замин сол ба сол бештар ғарқи қарз мешавад. Муаллиф зимни бардошт аз нишасти матбуотии ин ниҳод менависад, агар деҳқонон аз истифодаи оби полезӣ дар назди агентӣ дар умум 160 млн сомонӣ қарздор бошанд, худи Агентии обёрӣ ва беҳдошти замин аз истифодаи нерӯи барқ 366 млн сомонӣ бидеҳкор аст. Холмурод Раҳмон, раҳбари агентии мазкур гуфтааст, ки мушкилоти мавҷуд танҳо ду роҳ ҳал дорад, ё нархи обрасонӣ барои хоҷагиҳои деҳқонӣ боло бурда шавад ва ё аз ҷониби давлат кумакпулӣ (субсидия) муқаррар карда шавад.
Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 10 феврал бо нашри матлабе аз нишастҳои матбуотии идораву ниҳодҳои давлатии вилояти Хатлон натиҷагирӣ карда, далелҳои ҷолиби диққат чоп кардааст. Доситонии вилояти Хатлон гуфтааст, ки дар соли 2021-ум нисбати 400 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят эътироз оварда шудааст, ки 316 ҳолати он ба масъалаи ҷудо кардани замин рабт дорад. Дар ин муддат 4525 га замини ғайриқонунӣ тақсимшуда ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.
Дар хабари дигар Кумитаи бехатарии озуқавории вилояти Хатлон иттилоъ додааст, ки соли 2021-ум ба 1310 саг шиноснома додааст, ки нархи шиноснома барои сагон 6 сомониву 60 дирам будааст. Инчунин масъулини ин ниҳод гуфтаанд, ки сагон низ мисли одамон шиносномаи дохилӣ ва хориҷӣ доранд.
Хабари дигари ҷолиб аз нишастҳои матбуотӣ ин аст, ки дар соли 2021-ум дар вилояти Хатлон 308 нафар мансабдорро барои пешниҳоди омори дурӯғ ба маблағи 118 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд.
Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ,
Радиои “Тоҷикистон”