Дар шаҳри Турсунзода талош доранд, ки омӯзгорону табибони эҳтиёҷмандро бо замини наздиҳавлигӣ таъмин намоянд.
АМИТ “Ховар” менависад, ки ин матлабро Парвиз Акрамзода, раиси шаҳри Турсунзода зимни нишасти матбуотӣ баён намуд.
Гуфта мешавад, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирӣ намудани омӯзгорону табибон дар шаҳри Турсунзода то ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ 120 нафар омӯзгор ва 60 нафар табиб бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин карда мешаванд. Зеро тибқи маълумоти масъулини сохтори маориф ва тандурустӣ, омӯзгорону табибоне, ки барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ пешниҳод гардидаанд, дар ҳақиқат эҳтиёҷманданд.
Ин ташаббуси мақомоти шаҳри Турсунзода дар ҳолест, ки норасоии омӯзгорону табибон ва ҳолатҳои тарки вазифа кардани онҳо ба яке аз мавзуъҳои доғ дар расонаҳо табдил ёфтааст, аммо масъулин мегӯянд ин раванд танҳо хоси Тоҷикистон нест ва барои боло бурдани вазъи иқтисодию иҷтимоии омӯзгорону табибон чораҳои мушаххас меандешанд.