Рӯзҳои 16-17 феврал дар пойтахти Эрон, шаҳри Теҳрон намоишгоҳи акси “Тоҷикистон: ривояти ишқ ба зиндагӣ, инсон ва кӯҳистон” баргузор мешавад.
Тавре Шоҳмансур Шоҳмирзо дар сафҳаи фейсбукияш хабар медиҳад, намоишгоҳи мазкур аз сӯйи Маркази фарҳангии ЭКО дар ҳамкорӣ бо Сафорати Эрон дар Теҳрон барпо шуда, қарор аст аксҳои Собир Тоҳирзода – суратгир ва филмсози тоҷик пешниҳоди бинанда гардад.
Аксҳои намоишгоҳ ба мавзӯи одобу суннат, хӯрок, либос, манзараҳои табиат ва ҷозибаҳои туристии Тоҷикистон бахшида шудаанд.
Бояд гуфт, Собир Тоҳирзода фарзанди Тоҳир Собир – коргардон ва бозигари маъруфи синамои тоҷик буда, дар тарроҳӣ ва наворбардории чанд филму барнома дар Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон ва Амрико ширкат доштааст.
Манбаъ меафзояд, дар ҳошияи намоишгоҳ коршиносони риштаи ҳунари аккосӣ дар бораи аксҳои Собир Тоҳирзода изҳори назар хоҳанд намуд.