Фаррух Собирзода ба ҷойи Худоёри Валӣ. Раҳбари радиои “Имрӯз” нав шуд

Бино ба иттилои як манбаъ, Худоёри Валӣ аз раҳбарии ҷамъияти саҳҳомии “Ориёно Медиа” (номи ҳуқуқии радиои “Имрӯз”) барканор шудааст.

Манбаъ мегӯяд, раҳбари нави “Имрӯз” Фаррух Собирзода таъйин гардид.

Худоёри Валӣ беш аз 7 сол мудири ин радио буд. Қабл аз ин ӯ масъулияти сармуҳарририи барномаҳои ҷавонии телевизиони “Шабакаи аввал” (ҳоло ТВ “Тоҷикистон”) ва сармуҳарририи шабакаи радиоии “Садои Душанбе”-ро бар дӯш дошт.

Раҳбари нави радиои “Имрӯз” Фаррух Собирзода 11 марти соли 1984 дар ноҳияи Фархор ба дунё омадааст. Чеҳраи Собирзода барои ҷомеаи Тоҷикистон аз “Телевизиони Сафина” ошно мебошад. Ӯ як муддат сармуҳаррири шабакаи телевизионии “Шаҳнавоз” буд.

Радиои “Имрӯз” соли 2007 таъсис ёфтааст.