Тоҷикистон барои муайян кардани “Омикрон” дастгоҳи озмоишӣ хариданист

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯяд, ҷиҳати муайян намудани вируси “Омикрон” ба Тоҷикистон дастгоҳи нави озмоишӣ ворид мегардад.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ имрӯз зимни нишасти матбуотии вазорат гуфт, ин дастгоҳ бо кумаки бевоситаи шарикони рушд харидорӣ шуда, рӯзҳои наздик дастраси озмоишгоҳҳои кишвар мегардад.

Абдуллозода иброз намуд, он санҷишҳое, ки аз беморон гирифта шуд, дар Вазорати тандурустӣ ҳифз шуда, бо ворид гардидани дастгоҳи нави озмоишӣ барои муайян кардани намудҳои ин беморӣ таҳлилҳо гузаронида мешавад.