Икром Субҳонзода, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт талош доранд, то нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба Русия арзон шавд.
Ӯ ин нуктаро зимни нишасти матбуотии ин ниҳод баён дошта, гуфт: ” Мо оид ба афзоиши беасоси нархи чиптаҳо чораҳои зарурӣ андешида, талош меварзем, ки қиммати чиптаҳо боло наравад”. Аммо Икром Субҳонзода дақиқан нагуфт, ки кай ин мушкилот ҳалли худро меёбад, зеро қаблан ҳам роҳбари Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкатҳои ҳавоиро ҳушдор дода буд, ки нархи чиптаро боло набаранд, вале то ба ҳол дар ин самт ҳеҷ тағйирот дида намешавад.
“Дар сохтори ҳамлу нақли байналмилалии мусофирони нақлиёти ҳавоии кишвар зиёда аз 70 % ба самти Федератсияи Русия рост меояд ва пас аз муваққатан манъ кардани парвозҳои мунтазам талаботи мусофирон ба ин самт нисбатан зиёд гардида буд”,- зикр намуданд Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода. Ба таъкиди ӯ бо назардошти вазъи хуби эпидемиологии кишвар ва бо дастгирии бевоситаи сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи апрели соли 2021 давра ба давра парвозҳои мунтазам байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи барқарор карда шуданд.
Ҳамзамон дар робита ба ҷорӣ гардидани парвозҳо ба самти Ҷумҳурии мардуми Чин роҳбари агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати ҶТ Икром Субҳонзода гуфт, ки мо ба ҷониби ширкати ҳавопаймоии Урумчӣ ҷиҳати барқарор намудани парвозҳо дархост равон кардаем, ҳоло мунтазири посухи ҷониби Хитой ҳастем.
Баҳруллои Маҳмадшариф
Радиои “Тоҷикистон”