Федератсияи ҷудои Тоҷикистон оид ба сафарбар намудани ҷудокорон ба Бозиҳои осиёӣ 2022 қарор қабул кард.
Аз 10-ум то 25-уми сентябри соли 2022 дар шаҳри Ҳангжоуи Чин 19-умин Бозиҳои тобистонаи осиёӣ (The 19th Asian Games Hangzhou 2022) баргузор мегардад.
Дар ин мусобиқа 40-намуди варзиш (28-намуд – олимпӣ, 12-намуд – ғайриолимпӣ) дохил гардидааст. Варзишгарон барои 482 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд. Баргузории рақобатҳо аз намуди гуштини ҷудо аз 11-ум то 14-уми сентябр ба нақша гирифта шудааст.
Дар асоси қарори ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи гӯштини “ҷудо”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, (аз 24.01.2022) ба 19-умин Бозиҳои тобистонаи осиёӣ (The 19th Asian Games Hangzhou 2022) танҳо ғолибони Чемпионати Тоҷикистон сафарбар карда мешаванд.
Дар назар аст, ки Чемпионати Тоҷикистон оид ба гуштини “ҷудо” моҳи марти соли равон баргузор мегардад.
Сорбон Амонуллозода
Радиои “Тоҷикистон”