9 феврали 2022 Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат дар мулоқоти муштараки маҷозии намояндаҳои доимии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар СММ бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва сулҳофарини Розмари ДиКарло ва Муовини Дабири Кулли СММ оид ба масъалаҳои зиддитеррористӣ Владимир Воронков иштирок намуд.
Дар бора ВКХ ҶТ хабар дода, менависад, ки Зимни мулоқот роҷеъ ба таъсири таҳаввулоти ахири Афғонистон ба Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Намояндаи доимии кишвар мавқеи Тоҷикистонро дар бораи вазъи кунунии амниятӣ, иқтисодӣ ва башардӯстонаи Афғонистон иброз карда, аз таъсири он ба Тоҷикистон гуфт.