Имрӯз бо иштироки Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Директори нашриёти “Адиб” Раҳмоналӣ Шералӣ, олимону муҳақиқон ва дигар дустдорони илму адаб дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамоии силсилаи 50-ҷилдаи “Ахтарони адаб” ва китобҳои дигари тозанашр баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро директори нашриёти “Адиб” Раҳмоналӣ Шералӣ ифтитоҳ намуда, ба итмом расонидани нашри силсилаи китоби “Ахтарони адаб”-ро воқеаи ниҳоят фараҳбахши фарҳангӣ зикр намуд.
Таъкид гардид, ки силсилаи китоби “Ахтарони адаб” осори адибони тоҷик, ашъори назмиву насриро аз Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то муосирони моро дарбар мегирад.
Маврид ба зикр аст, ки бори нахуст дар таърихи даврони Истиқлоли Тоҷикистон бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри силсилаи китоби “Ахтарони адаб, ки аз соли 2007 то инҷониб нашр мешуд, дар 50 ҷилд мукаммал гардида, бо сифати баланд ба нашр расид.
Зимни чорабинӣ, инчунин шоирону нависандагон ва олимону адибон суханронӣ намуданд.