Рақибони “Истиқлол” дар Лигаи қаҳрамонҳои АФК маълум гардид

Имрӯз, 17 январ дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар кишвари Малайзия, шаҳри Куала-Лумпур қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё баргузор шуд.

Аз рӯи натиҷагирии қуръакашии марҳилаи гурӯҳии мавсими нави Лигаи қаҳрамонҳои АФК, дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” рақобат мекунад. Рақибони “Истиқлол”, қаҳрамони феълии Лигаи қаҳрамонҳои AFC “Ал-ҳилол” (Арабистони Саудӣ), “Ал-Райян” (Қатар) ва ғолиби ҷуфти “Шарқа” (АМА) – “Ал-Завра” (Ироқ) гардиданд.

Бозиҳои марҳилаи гурӯҳии мусобиқоти бошгоҳҳои асосии Осиё дар минтақаи Ғарб дар шакли мутамаркиз аз 7 то 27 апрел барпо мегардад. Баргузории бозиҳои даври 1/8 ниҳоӣ рӯзҳои 3-4 феврал, даври чорякфинал 7 феврал ва даври ниманиҳоӣ 10-феврали соли 2023 дар назар аст.

Бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC аз ду бозӣ иборат буда, рӯзҳои 19 ва 26 феврали соли 2023 доир мешавад. Бозии аввалро дар минтақаи Ғарб дастаи финалист ва бозии ҷавобиро дар Шарқ дастаи дигари финалист мегузаронад.

Сорбон Амонуллозода,

Радиои “Тоҷикистон”