“Реал Мадрид” – қаҳрамони Суперҷоми Испания дар соли 2021

Дар доираи рақобати даври ниҳоии Суперҷоми Испания дидори дастаҳои “Реал Мадрид” ва “Атлетик Билбао” доир гардид.

Рақобат миёни ин дастаҳо дар майдони “Шаҳри варзишии шоҳ Абдулло” дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ баргузор гардид, ки бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи дастаи шоҳона хотима ёфт.

Дар дақиқаи 38-уми дидор Лука Модрич аз партофти Родриго истифода бурда ҳисоби бозиро кушод. Голи дуюми дидорро бошад ҳамлавари фаронсавӣ Карим Бензема аз зарбаи ҷаримавии 11-метра ба ҳадаф расонида, пирӯзии “Реал Мадрид”-ро таъмин намуд.

Ҳамин тариқ, дастаи шоҳонаи “Реал Мадрид” дар бозии ниҳоии Суперҷоми Испания бошгоҳи “Атлетик Билбао”-ро шикаст дода, қаҳрамони Суперҷоми Испания дар соли 2021 гардид.

Сорбон Амонуллозода, Радиои “Тоҷикистон”