Дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон маросими ёдбуди Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов баргузор мегардад.
Бино ба иттилои расонаҳо, маросими даргузашти Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе, 20 январ дар Муассисаи фарҳангии ЭКО дар шаҳри Теҳрон барпо мешавад.
Гуфта мешавад, ташаббускори он Масъуди Ҷаъфарии Ҷузонӣ, коргардони силсилафилми “Дар чашми бод”, ки Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов дар он нақш офаридааст, мебошад.
Қарор аст, дар маросими ёдбуд намоишгоҳи акс ва филми мустанаде аз зиндагӣ ва пасипардагии ҳунарманди тоҷик ҳам намоиш дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов рӯзи 19-уми январи соли 2021 дар синни 84-солагӣ дар Душанбе даргузашт.
Ӯ 7 ноябри 1937 дар Кӯлоби Тоҷикистон зода ва дар соли 1964, пас аз гузаронидани давраҳои коргардонӣ аз Донишкадаи давлатии фарҳангу ҳунари Маскав фориғуттаҳсил шуд.
Ин ҳунарманд дар Театри марказии мусиқӣ ва комедии шаҳри Хуҷанд, Театри намоишии академикии давлатӣ ва Театри ҷавонони шаҳри Душанбе фаъолият кард ва дар солҳои 1987 – 1990 мелодӣ раёсати Иттиҳодияи коргардонони Театри Тоҷикистон ва ҳамзамон муовинати Иттиҳоди коргардонони Театри Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравиро бар уҳда гирифт.
Ҳабибуллоҳ Абдураззоқ дар соли 2002 аввалин маркази театри ғайридавлатии Тоҷикистон бо номи “Падида” -ро бунёд ниҳод.
Вай илова бар бозӣ дар филмҳои синамоӣ ва телевизионӣ беш аз 30 намоишномаи театрро низ коргардонӣ карда ва ҳамчунин ба далели алоқаи хос ба Эрон ва шахсиятҳои машҳури ҳунарӣ ва адабии ин сарзамин, дар теъдоде аз осори намоишии эронӣ, аз ҷумла сериали “Дар чашми бод” ва “Шукрона” ҳузур пайдо кард.