Хатсайри нави автобус дар Душанбе: то боғи Локомотив

Дар Душанбе аз 24 январ хатсайри нави автобусии №55 ба фаъолият оғоз менамояд.

Тавре дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад, самти хатсайри нави автобуси №55 аз Терминали мусофирбарии дарвозаи ҷанубӣ (бозори “Корвон”) то Боғи “Локомотив” муқаррар шудааст.

Ба иттилои манбаъ, хатсайри нави автобусҳои тамғаи “АКИА ОРИЁ-LE 8” аз кӯчаву хиёбонҳои Мастонгулов, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Саъдии Шерозӣ, Соҳилӣ, Ҷомӣ, Неъмат Қарабоев  ва Ҷанубӣ мегузарад.

Гуфта мешавад, пардохти маблағи роҳкиро дар автобусҳои ин хатсайр тариқи корти электронии нақлиётӣ амалӣ мешавад.