Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои офаридани беҳтарин мусаввараи нерӯгоҳҳои барқии обӣ озмун миёни рассомони касбии кишвар эълон намудааст.
Ҳадаф аз баргузории озмуни “Беҳтарин мусаввараи НБО” мукаммал гардонидани маҷмӯи асарҳои санъати тасвирии фонди осорхона гуфта мешавад.
Тибқи талаботи озмун, мусаввараҳои офаридаи рассомон бояд дастовардҳои даврони муосир дар соҳаи энергетикаи кишвар, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии «Варзоб», «Қайроққум», «Шаршар», «Сарбанд», «Марказӣ» ва «Норак», бахусус НБО-и пуриқтидори солҳои соҳибистиқлолӣ сохташудаи «Помир-1», «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ва «Роғун», рӯйдодҳои муҳими таърихии дорои аҳамияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ (аз ҷумла, ба истифода додани чархаи якуму дуюми НБО-и «Роғун») ва лаҳзаҳои ҷолибу хотирмони онҳоро дарбар гиранд.
Ҳамчунин гуфта мешавад, рассомон дар мусаввараҳо бояд ҷараёни кори сохтмони иншооти замони муосир, симои қаҳрамонони бригадаҳои бузургу номдори сохтмонӣ ва арсаи меҳнат, ҷамъомаду вохӯриҳои аҳли адабу ҳунар ва сиёсатмадорони кишвар бо сохтмончиён, инчунин манзараҳои дилошӯби неругоҳҳои обию барқӣ таҷассум намуда, бинандаро ба андешаи ифтихор аз ватану ватандорӣ ва ободии кишвар водор созанд.
Зикр мегардад, беҳтарин асарҳои пешниҳодшуда аз ҷониби комиссияи хариди МД «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» тибқи муқаррарот харидорӣ ва дар фонди муассиса ҳифз гардида, дар намоишгоҳҳои дохил ва хориҷи кишвар ба тамошо бароварда мешаванд.
Озмун то 10 марти соли равон идома ёфта, дар остонаи ҷашни байналмилалии Наврӯз ҷамъбаст мегардад.