Коршиноси масоили байналмилалӣ Амридин Шарипов рӯзи 14 январ дар барномаи “Бозтоб”-и радиои “Тоҷикистон” гуфт, ки баргардондани чархболу ҳавопаймоҳо таҳдид ба амнияти миллӣ, суботи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва пурзӯр кардани иқтидори террористон ба шумор меравад.
Ба назари ин коршинос, баргардондани ин таҷҳизоти техникӣ хилофи қонунҳои байналмилалӣ мебошад:
“Аз лиҳози ҳуқуқи байналмилалӣ қувват бахшидану тақвият додани террористон худ ҷиноят аст, ки ба ягон чаҳорчӯби меъёрҳои байналмилалӣ рост намеояд. Танҳо дар сурати эътироф шудани онҳо аз сӯйи ҷомеаи байналмилалӣ ва ташкили ҳукумати ҳамашумул дар Афғонистон имконияти ҳуқуқӣ ва воқеии баргардонидани ин техникаҳои ҷангӣ фароҳам меояд”, – таъкид намуд коршинос Амриддин Шарипов.
Ёдовар мешавем, ки ахиран вазири мудофиаи толибон Муҳаммад Яъқуб дар тамрини ҳарбӣ-ҳавоии рӯзи 11 январ изҳор дошт, ки ҳавопаймоҳои Афғонистон, ки дар Тоҷикистон ё Ӯзбекистон қарор доранд, бояд баргардонида шаванд. Ӯ таҳдид намуда буд, ки дар сурати барнагардондани ҳавопаймоҳо ба қадри тавонашон вокуниш хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, ки моҳи августи соли гузашта пас аз сарнагун шудани ҳукумати пешинаи Афғонистон ба ин ду кишвар зиёда аз 40 чархбол интиқол дода шуд.