Соҳаи боғдорӣ дар таъмини амнияти озуқавории кишвар мавқеи хосса дорад. Барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот риояи технологияи парвариши дарахтони мевадиҳанда ҳатмӣ мебошад.
Бино ба назари коршиносон яхобмонӣ дар боғот яке аз омили муҳим ва асоси серҳосилии замин буда, ҳангоми пиёдасозии ин амал ҳосил босифату фаровон мегардад ва муҳимтар аз ҳама беморию ҳашароти зараррасон нест мегардад.
Ҳикматулло Назиров-доктори илмҳои кишоварзӣ, ки ҳангоми яхобмонӣ агар аз як тараф намнокӣ таъмин гардад, аз тарафи дигар то 70-80 фисади ҳашароти зараррасон нобуд мешавад.
Воқеан ҳам аз таҷрибаҳои кишоварзони муваффақ яхобмонӣ дар баробари коҳиш додани касалиҳои зараровари растанӣ ва аз байн бурдани ҳашароти зараррасон ҳамзамон захираи обии заминҳои киштро бесобиқа таъмин менамояд.
Дар ҳамин ҳол омўзгори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Шавкат Пулодов мегўяд, ки яхобмонӣ муҳлати муайяни худро дорад.
Аз мушоҳидаи ду соли охир бармеояд, ки таъсири тағйирёбии иқлим нисбат ба солҳои қаблӣ бамаротиб аёнтар гардидааст. Худ боридани барф дар моҳҳои март-апрел гувоҳӣ аз таъсири бемайлони тағйирёбии иқлим дарак медиҳад. Ҳамсуҳбати мо доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров мегуяд, ки агар марди боғбон дар фасли сармо яхоб монад, метавонад, ҷараёни гулкунии дарахтонро ба муддати муайян боздорад.
Албатта аҳамияти яхобмонӣ ва ё обёрии захиравӣ ба меъёри он вобастагӣ дорад. Агар марди деҳқон ба агротехника риоя кунад, ҳатман нафъи дилхоҳ ба даст меорад.
Дар гузашта марди соҳибназари деҳқон ба хотири таъмини намии хок дар баробари яхобмонӣ дар заминҳои кишт аз обмонии захиравӣ низ истифода мекард, ки ҳарду ба манфиат буд. Омўзгори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Шавкат Пулодов мегўяд, ки барои заминҳои киштшаванда дар моҳҳои марту апрел гузаронидани обмонии захиравӣ баманфиат аст.
Воқеан ҳам дар фасли зимистон яхоб мондани замини нармкардашуда ва боғҳо манфиати зиёд дорад. Тавассути яхобмонӣ ҳашарот, касалӣ ва хояндаҳо дар қисмати решаи дарахтон нест ва нашъунамои дарахтон 15 – 20 рўз боздошта мешавад. Гузашта аз ин аҳамияти яхобмонӣ дар мавзеъҳои камоб дучанд аст. Бо яхобмонӣ кишоварзон метавонанд дар давраи зимистон хокро бо намии зиёд таъмин кунанд. Яъне марди заҳматқарин бо сари вақт ва босифат гузарондани яхобмонӣ, метавонад аз боғу токзорҳои парваришкарда ҳосили хуб ва маҳсулоти ба талаботи бозори имрўза ҷавобгў истеҳсол намоянду сабади истеъмолии шаҳрвандонро мувофиқи меъёри физиологӣ таъмин созанд.
Муродулло Раҳимов
Радиои “Тоҷикистон”