БОЗИИ ЧЕМПИОНАТИ ФУТЗАЛ CAFA-2022 БАЙНИ ДАСТАҲОИ ЗАНОНА ТАСДИҚ ГАРДИД

Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ тақвими бозиҳо барои чемпионати CAFA-2022 оид ба футзал байни дастаҳои мунтахаби занонаро, ки аз 21 то 28 январ дар Душанбе баргузор мегардад, тасдиқ кард.

Дар чемпионат дастаҳои футзали занонаи Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд.

Чемпионати CAFA 2022 оид ба футзал барои дастаҳои миллии занона аз рӯи системаи даврӣ дар ду давр баргузор мешавад ва дар он ҳар як даста 6-бозӣ анҷом медиҳад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад.

Тамоми бозиҳои мусобиқа дар Маҷмааи нави варзишии бисёрфунксионалии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд, ки он метавонад се ҳазор тамошобинро қабул кунад.

CAFA Championship оид ба футзали занона

Даври 1
21-январ (ҷумъа)
15:00 Ӯзбекистон — Эрон
18:00 Тоҷикистон — Қирғизистон

Даври 2
22-январ (шанбе)
15:00 Қирғизистон – Ӯзбекистон
18:00 Эрон — Тоҷикистон

Даври 3
24-январ (душанбе)
15:00 Қирғизистон — Эрон
18:00 Тоҷикистон — Ӯзбекистон

Даври 4
25-январ (сешанбе)
15:00 Эрон — Қирғизистон
18:00 Ӯзбекистон — Тоҷикистон

Даври 5
27-январ (панҷшанбе)
15:00 Қирғизистон — Тоҷикистон
18:00 Эрон — Ӯзбекистон

Даври 6
28-январ (ҷумъа)
15:00 Ӯзбекистон — Қирғизистон
18:00 Тоҷикистон — Эрон.

Сорбон Амонуллозода

Радиои “Тоҷикистон”