Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев баргузор гардид.
Сарони давлатҳо вазъияти кунуниро дар Ҷумҳурии Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор доданд. Муҳтарам Президенти Қазоқистон дар хусуси барқарор гардидани суботу оромӣ дар кишвар ва сар аз имрӯз оғоз гардидани хуруҷи нерӯҳои муттаҳидаи сулҳофари СААД аз ҷумҳурӣ ба Пешвои миллат маълумот манзур намуданд. Муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба Тоҷикистон барои дастгирӣ ва мусоидат изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки низомиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳайати маҳдуди нерӯҳои сулҳофари СААД дар Қазоқистон қарор доранд, 14 январи соли равон ба Тоҷикистон бармегарданд.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин ҷанбаҳои алоҳидаи муносибатҳои дуҷонибаи шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон ва дурнамои рушди онҳоро муҳокима карданд.