Озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон-2021” натиҷагирӣ шуд

Маросими ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон-2021” бо иштироки роҳбарият, намояндагони бахшҳои маориф, аъъзои ҳакамон ва иштирокдорони озмун имрӯз дар Вазорати маориф ва илм барпо шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати маориф ва илм, зимни ифтитоҳи озмун муовини вазири маориф ва илм Муҳаммаддовуд Саломиён суханронӣ намуда, зикр дошт, дарёфт ва муаррифӣ намудани мураббиёни боистеъдоду навовар ва эҷодкор, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонӣ, ташаккули қобилияту фаъолияти эҷодии онҳо дар замони муосир, такмили донишу маҳорати касбӣ ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, қадрдонии меҳнати онҳо яке аз ҳадафҳои муҳими озмун маҳсуб меёбад.

Ҳамин тариқ, мураббияи муассисаи томактабии №23-и шаҳри Хуҷанд Тахмина Абдуалиева ва мураббияи муассисаи томактабии №64-и шаҳри Душанбе Фирӯза Ғаниева дар озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2021» мақоми аввалро касб карданд.

Мураббияи муассисаи томактабии №24-и шаҳри Бохтар Мунира Ризоева соҳиби зинаи дуюм, мураббияи Маркази инкишофи барвақтии кӯдаки Хазинаи Оғохони шаҳри Хоруғ Гулрӯ Гулбекова ва мураббияи муассисаи томактабии №1-и шаҳри Турсунзода Маҳбуба Пулодова сазовори ҷойи сеюм дониста шуданд.

Гуфта шуд, ки дар иҷрои шартҳои муайяншуда – ҳисоботи мураббияҳо дар бораи фаъолияти педагогӣ, саволу ҷавоб аз рӯйи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, таҳлилу баррасии ҳолатҳои равонӣ-педагогӣ, гузаронидани машғулияти таълимӣ, баргузории мизи мудаввар, тасвир ва сохтани мавод тибқи мазмуни раванди таълиму тарбия иштирокдорон фаъолияти хуб нишон дода, ҳунару маҳорат ва донишу малакаашонро пешниҳоди ҳакамон гардониданд.

Дар охир ба ҳамаи иштирокдорон ва ғолибон туҳфаҳои Кумитаи тадорукоти озмун, нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим гардиданд. Ҳамзамон аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиёни озмун туҳфаҳои пулӣ ва роҳхат барои истироҳат дар осоишгоҳҳо супорида шуд.